Mẫu tìm kiếm

Ҳастӣ 1

БОБИ ЯКУМ

Ибтидои офариниш.

1Дар ибтидо Худо осмон ва заминро офарид.

2Ва замин дар ҳолати ҳарҷумарҷ буд, ва торикӣ бар рӯи варта; ва Рӯҳи Худо бар рӯи об дар парвоз буд.

Рӯзи якум — рӯшноӣ.

3Ва Худо гуфт: «Рӯшноӣ бишавад». Ва рӯшноӣ шуд.

4Ва Худо рӯшноиро дид, ки хуб аст; ва Худо рӯшноиро аз торикӣ ҷудо кард.

5Ва Худо рӯшноиро рӯз номид, ва торикиро шаб номид. Ва шом буд, ва субҳ буд: рӯзи аввал.

Рӯзи дуюм — об ва фалак.

6Ва Худо гуфт: «Фалаке бошад дар миёни об, ва обро аз об ҷудо кунад».

7Ва Худо фалакро ба вуҷуд овард; ва оби зери фалакро аз оби болои фалак ҷудо кард. Ва чунин шуд.

8Ва Худо фалакро осмон номид. Ва шом буд, ва субҳ буд: рӯзи дуюм.

Рӯзи сеюм — об ва хушкӣ. Олами наботот.

9Ва Худо гуфт: «Оби зери осмон дар як ҷо ҷамъ шавад, ва хушкӣ намудор шавад». Ва чунин шуд.

10Ва Худо хушкиро замин номид, ва маҷмӯи обҳоро баҳрҳо номид. Ва Худо дид, ки хуб аст.

11Ва Худо гуфт: «Замин наботот бирӯёнад, алафе ки тухм меоварад, дарахти мевадоре ки мувофиқи ҷинси худ мева медиҳад, ки тухмаш дар он бар рӯи замин бошад». Ва чунин шуд.

12Ва замин наботот рӯёнид, алафе ки мувофиқи ҷинси худ тухм меоварад, ва дарахти мевадоре ки тухмаш дар он мувофиқи ҷинси худ бошад. Ва Худо дид, ки хуб аст.

13Ва шом буд, ва субҳ буд: рӯзи сеюм.

Рӯзи ҷорум — пайдо шудани офтоб, моҳ ва ситораҳо.

14Ва Худо гуфт: «Найирҳо дар фалаки осмон бошанд, то ки рӯзро аз шаб ҷудо кунанд, ва барои аломатҳо, ва замонҳо, ва рӯзҳо, ва солҳо бошанд;

15Ва найирҳо дар фалаки осмон бошанд, то ки бар замин рӯшноӣ диҳанд». Ва чунин шуд.

16Ва Худо ду найири бузург ба вуҷуд овард: найири аъзам, барои салтанати рӯз, ва найири асғар, барои салтанати шаб, ва ситорагон;

17Ва Худо онҳоро дар фалаки осмон гузошт, то ки бар замин рӯшноӣ диҳанд,

18Ва бар рӯзу шаб салтанат ронанд, ва рӯшноиро аз торикӣ ҷудо кунанд. Ва Худо дид, ки хуб аст.

19Ва шом буд, ва субҳ буд: рӯзи чорум.

Рӯзи панҷум — олами ҳайвонот.

20Ва Худо гуфт: «Об аз ҷонварҳои бешумор пур шавад; ва паррандагон болои замин, бар рӯи фалаки осмон парвоз кунанд».

21Ва Худо наҳангони бузург ва ҳар гуна ҷонварҳои хазандаро, ки об аз онҳо мувофиқи ҷинсашон пур шуд, ва ҳар гуна паррандагони болдорро мувофиқи ҷинсашон офарид. Ва Худо дид, ки хуб аст.

22Ва Худо онҳоро баракат дода, гуфт: «Борвар ва афзун шавед, ва обҳои баҳрҳоро пур кунед, ва паррандагон бар замин афзун шаванд».

23Ва шом буд, ва субҳ буд: рӯзи панҷум.

Рӯзи шашум — афзоиши ҷонварон.

24Ва Худо гуфт: «Замин ҷони зиндаро мувофиқи ҷинсаш, чорпоён, ва ҳайвоноти хазанда, ва ҳайвонҳои ваҳшии заминро мувофиқи ҷинсашон берун оварад». Ва чунин шуд.

25Ва Худо ҳайвонҳои ваҳшии заминро мувофиқи ҷинсашон, ва чорпоёнро мувофиқи ҷинсашон, ва тамоми ҳайвоноти хазандаи заминро мувофиқи ҷинсаш ба вуҷуд овард. Ва Худо дид, ки хуб аст.

Офарида шудани одам, ва аҳди аввалин бо вай.

26Ва Худо гуфт: «Одамро ба сурати Мо, ба шабоҳати Мо биофарем; ва онҳо бар моҳиёни баҳр, ва бар паррандагони осмон, ва бар чорпоён, ва бар тамоми замин, ва бар тамоми ҳайвоноте ки бар замин мехазад, ҳукм ронанд».

27Ва Худо одамро ба сурати Худ офарид, ӯро ба сурати Худо офарид; онҳоро марду зан офарид.

28Ва Худо онҳоро баракат дод, ва Худо ба онҳо гуфт: «Борвар ва афзун шавед, ва заминро пур кунед, ва онро тасарруф намоед, ва бар моҳиёни баҳр ва бар паррандагони осмон ва бар ҳар ҳайвоне ки бар замин мехазад, ҳукмрон бошед».

29Ва Худо гуфт: «Инак, Ман ҳар алафи тухмдорро, ки бар рӯи тамоми замин ҳаст, ва ҳар дарахтеро, ки дорои меваи дарахти тухмдор мебошад, ба шумо додам, то ки барои шумо хӯрок бошад.

30Ва ба ҳамаи ҳайвонҳои замин, ва ба ҳамаи паррандагони осмон, ва ба ҳар хазандаи рӯи замин, ки ҷони зинда дорад, Ман тамоми алафи сабзро барои хӯрок додам». Ва чунин шуд.

31Ва Худо ҳар он чиро, ки ба амал овард, дид, ва инак, хеле хуб аст. Ва шом буд, ва субҳ буд: рӯзи шашум.

Китоби Муқаддас 1992

© Institute for Bible Translation, 1992, 1999, Stockholm, Sweden
© Институти тарҷумаи Китоби Муқаддас, 1992, 1999, Стокгольм, Шветсия
this digitised and corrected edition was produced by the Ҷамъияти Китоби Муқаддас (Bible Society of Tajikistan) in 2016, under license from IBT, Stockholm

More Info | Version Index